Wq/tg/Саъдӣ
Appearance
Саъдии Шерозӣ (1181 ё 1205, Шероз - соли 1292, Шероз) — яке аз номдортарин, забардасттарин, шоири порсигӯйи ва орифони форсу тоҷик мебошад.
Иқтибосҳо
[edit | edit source]- Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
- Аз баҳри худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунад бар мамолик
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
- Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зӣ ҳар гӯшае ёфтам,
Зӣ ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
- Зи аҳди падар ёд дорам ҳаме
Ки борони раҳмат бар ӯ ҳар даме.
Ки дар тифлиям лавҳу дафтар харид
Зи баҳрам яке хотами зар харид.
- Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам
Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.