Jump to content

Wq/tg/Садриддин Айнӣ

From Wikimedia Incubator
< Wq | tg
Wq > tg > Садриддин Айнӣ
5 сомонӣ бо акси С.Айнӣ

Садриддин Айнӣ (форсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик.

Иқтибосҳо

[edit | edit source]
  • Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
    Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.
  • Биёед, эй рафикон, дарс хонем,
    Ба бекорию нодонӣ намонем,
    Ба олам ҳар касе бекор гардад,
    Ба чашми аҳли олам хор гардад.
  • Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
    Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
    Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон,
    Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст.
  • Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад.
  • Мо ба сари таом нишастем. Худ ба сари деги шӯрбопазиаш рафт.
  • Халифа ба паҳлуи мактабдор гузашта, як чӯберо, ки дар болои сари мактабдор ба девор овезон буд, гирифт.


Дар бораи Садриддин Айнӣ

[edit | edit source]
  • Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,
    Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?