Wq/tg/Низомулмулк
Appearance
Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибнӣ Исҳоқи Тусӣ (форс. ابوعلی حسن پسر علی پسر اسحاق طوسی) бештар маъруф ба номи Низомулмулк (1063—1092) — вазири давлатдории Салҷуқиён, муаллифи асари Сиёсатнома.
Иқтибосҳо
[edit | edit source]А
[edit | edit source]- Андар корҳо шитобзадагӣ набояд кардан. Ва чун хабаре шунавад, ё сирате бандад, андар он оҳистагӣ кор бояд фармуд, то ҳақиқати он падид ояду дурӯғ аз рост пайдо гардад, ки шитобзадагӣ кори заифон аст, на кори қодирон.
Б
[edit | edit source]- Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоҳ, бояд дошт, ки умре дигар ва рӯзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд.
Д
[edit | edit source]- Дар кори идораи давлат мавқеи одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор бузург аст.
М
[edit | edit source]- «Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд»
Пайвандҳои беруна
[edit | edit source]
Ин саҳифаи нопурра ба иловаи иқтибосҳо, пайвандҳо ба Википедиа ё ба иловаҳои хеле мухтасар барои муайян кардани сарчашмаҳо ниёз дорад. Барои фаҳмидани тарзи пурра намудани саҳифа ин роҳнаморо нигаред. |