Jump to content

Wq/tg/Бобоҷон Ғафуров

From Wikimedia Incubator
< Wq | tg
Wq > tg > Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров — қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).

Иқтибосҳо

[edit | edit source]
  • Адабиёт ҳамеша барои мардуми босавод қобили истифода аст.
  • Ба назари ман истифода накардан аз вожаҳои хориҷӣ амалест ғайримаъқул ва нодуруст...
  • Вақте касе аз тоҷикон ба сарзамини шумо (Эрон) меояд, бешак, худро дар хона ва муҳити хеш эҳсос мекунад.
  • Истифода аз адабиёти клосики мо лозим аст, вале бояд шакли маъқул дошта бошад, на шакли механикӣ.
  • Муътақидам, ки вуруди вожаҳо ҳеч василаи харобтар кардани забони мо нахоҳад буд.
  • Медонам ки Индиро Гонди нахуствазири Ҳинд ба тадриси забони форсӣ ва ишоъаи (густариши) он дар Ҳинд бисёр алоқаманд аст.
  • Мутаассифона ҷараёнҳое мушоҳида мешавад, ки саъй мекунанд забони адабиро аз забони мардум дур нигаҳ доранд.
    • Чи ҷараёнҳое?
      • Душворнависӣ, навиштан ба шеваи клосик ва ба шеваҳои дур аз забони мардум.
  • Мо дар адабиёти клосик вожаҳое бисёре дорем, ки ҷудо бояд аз онҳо истифода кунем, вале ҳастанд вожаҳое, ки ба тадриҷ ҷои худро ба вожаҳои тозае додаанд, аз миён рафтаанду мурдаанд.
  • Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем.
  • Фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дорои решаи бузурги воҳидест. Фақат шохаҳои ҷудогона дорад.
  • Ҳангоме ки ба Эрон омадам, биттабъ худро дар сарзамини наздике ёфтам.
  • Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд.

Иқтибосҳо дар бораи Бобоҷон Ғафуров

[edit | edit source]

Гребнев А. М., мушоври коршиноси Б. Ғ. Ғафуров (1969-1977)

[edit | edit source]
  • Ба интихоби номи китоб шурӯ кардем. Б. Ғ. Ғафуров пешниҳод кард: «Тоҷикон» меномем. Ва он ки хатари он вуҷуд дошт, ки дигарон метавонанд озурда гарданд…
  • …Дар соли 1968, агар хотираам фиреб накунад, масъалаи навиштани китоби нав ё нашри чоруми «Таърихи халқи тоҷик» ба миён омад. Вақте ки навбати суҳбат ба ман шуд, гуфтам: «Китоби нав нависед». Он гоҳ он касс дар ҷавоб гуфтанд: «Оё шумо розӣ ҳастед, ки муҳаррири масъули он бошед?»
  • Роҳбарони яке аз ҷумҳуриҳои осиёмиёнагӣ аз нашри китоби «Тоҷикон» сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба унвони КМ КПСС навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Б. Ғ. Ғафуров маҳкум карда шавад. барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро сафарбар намуданд. Тақризи онҳо интишор нашуд.

Зебуннисо Ғафурова

[edit | edit source]
  • Бобоҷон ҳамаро баробар дӯст медоштанд ва эҳтироми дигарон низ нисбат ба он кас зиёд буд, инсони хеле дилсӯз буданд акоям.

Ключников Б. Ф., профессор

[edit | edit source]
  • Бори охирин, ба фикрам, Бобоҷон Ғафуровро моҳи Марти соли 1977 дар чорабинии бахшида ба ҷашни симои азодандеши тоҷики асри Х1Х Аҳмади Дониш дидам.
  • «Ғафуров хирадманди шарқӣ аст ва ҳатман чуни шахс бояд сарвари Институти шарқшиносӣ бошад»

Литвинский Б. А., Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ

[edit | edit source]
  • Бешубҳа, мувофиқи қоидаҳои онвақта ин амали Бобоҷон Ғафуров бисёр ҷасурона ва ғайриодӣ буд ва метавонист ин амал барояш гарон афтад.

Мао Сзе Дун

[edit | edit source]
  • Ман аз сӯҳбат бо директори Институти шарқшиносии СССР Бобоҷон Ғафуров хеле шоду мамнун гардидам ва аён шуд, ки ӯ на ин ки олим, балки сиёсатмадори нуктасанҷ аст.

Назаршо Додхудоев, Раиси собиқ Шӯрои Вазирони ҶТ

[edit | edit source]
  • Дар соли 1946 рафиқ И. В. Сталин фармон дод, ки дар Тоҷикистон сарвари сиёсиро ба тоҷики маҳаллӣ иваз намоянд ва пешниҳод намуд, ки ин вазифа шахси дорои маърифати баланди илмӣ, фарҳангию донишманд пешбарӣ шавад. Ин шахс бояд дорои маҳорати ташкилотчигӣ бошад ва тавонад мардумро муттаҳид созад, сарвари ҳақиқӣ бошад, манфиатҳои тамоми халқи тоҷикро ҳимоят намояд.
    Дар он замон шахси ягонае, ки ба ин талаботҳо метавонист ҷавоб диҳад, албатта, Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ бо як овоз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳабибулло Холҷӯраев, доктори илми таърих, профессор

[edit | edit source]
  • Ӯ ҳамчун рӯзноманигори касбӣ буд, ки ин роҳро аз рӯзноманигори одӣ то муҳаррири рӯзнома, баъдан маҷаллаи ҷаҳонӣ тай намудааст.
  • Ӯ ходими ҳизбӣ буд, 20 сол сарварии созмони ҳизбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла 10 сол котибии аввалии онро ба ӯҳда дошт.
  • Ӯ ҳуқуқшинос буд, чун сарвари раиси кумитаи халқии адлия низ адои вазифа намудааст.
  • Ӯ ходими давлатӣ ва парламентёр буд, чандин солҳо депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва СССР интихоб шудааст.
  • Ӯ олим, академик, директории Институти бузургтарини шарқшиносӣ, ташкилотчӣ ва таблиғотчии дастовардҳои азими илми бузург буд.
  • Ва ниҳоят ӯ омӯзгори ҳақиқие маҳсуб мешуд, ки садҳо ходитмони ҳизбиву давлатӣ, намояндагони маъруфи фарҳангро тарбия кардааст.

Раҳим Масов, доктори илмҳои таърих, академик

[edit | edit source]
  • Олими дорои хислатҳои ҳамакора буда, ҷонибҳои зиёди масоили таърихии халқҳои Осиёи Марказиро аз даврони қадимтарин то рӯзҳои амиқ ва ҳамаҷониба тахқиқ намуд.
  • Таърихи гузаштаи халқи худ ва халқҳои дигари минтақаро омӯхта истода, ӯ таърихи даврони собиқ ҷумҳуриҳои Шарқи шӯравиро аз мадди назари худ дур накард.

Ричард Фрай, таърихнигори амрикоӣ

[edit | edit source]
  • Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст.

Широков Г. К., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

[edit | edit source]
  • Ғафуров чун сарвари оила хеле оиладори хуб буд. Ӯ духтараш Нелли, бародараш Олимҷон, хоҳаронаш Тоҷӣ ва Зебиро хеле дӯст медошт, ҳангоми зарурат ба онҳо ёрӣ мерасонд.
  • Ғафуров дар як шабонарӯз 10-12 соат, ҳатто рӯзҳои истироҳат ҳам кор мекард.
  • Ғафуров дар назди роҳбарони давлат обрӯю эътибори зиёд дошт.
  • Ғафуров мусиқии халқии миллиро бисёр дӯст медошт, махсусан мусиқии асбобҳои халқиро.
  • Ғафуров супоришҳои давлатиро, ба хусус агар мавзӯъ сари мушкилоти кишварҳои Шарқ бошад, ба зудӣ анҷом медод.

Ш. К. Гуҷарал, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустон, сафири Ҳиндустон дар СССР

[edit | edit source]
  • Бобоҷон Ғафуров дар хотири ҳиндуҳо ҳамчун дӯсти азизи Ҳиндустон, инсон ва олими бузург абадӣ боқӣ мемонад, зеро ки худи ӯ ҳамаҷониба, бомаърифат, зиёии ҳақиқӣ ва одами тамоман меҳрубони ғамхор буд.

Пайвандҳои беруна

[edit | edit source]