Jump to content

Wn/tg/15 июли 2020

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > 15 июли 2020

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, чоршанбе, 197-умин рӯзи соли 2020 аст


ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, чоршанбе, 197-умин рӯзи соли 2020 аст

15 июли соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

10 сол пеш, 15 июли соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуданд.

15 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.

Дар Ботсвана – Рӯзи президент.

Дар Бруней  – Рӯзи султон.

РӮЙДОДҲО:

15 июли соли 2009 Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

15 июли соли 2017 расонаи бонуфузи хабарии  Германия «Abendzeitung Munchen» бо истинод  ба сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар дод, ки дар мувофиқа бо  Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломӣ, таҳти рақами №79, ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд. Қаблан ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ, монанди «Ал-Қоида», ДИИШ, Ҳаракати Толибон, «Бародарони мусалмон» ва ғайра номнавис шуда буданд.

4 сол пеш, 15 июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Япония таъсис дода шуд.

15 июли соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

55 сол муқаддам, 15 июли соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Япония вулқони Бандай фаввора зад.

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.