Jump to content

Wn/tg/Ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар нашр шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар нашр шуд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар нашр шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҷадвали Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро дар вебсайти расмии худ нашр кардааст. Ин мусобиқа дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 баргузор мешавад. Бозии ифтитоҳии мусобиқа, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Қатар бозӣ мекунад, 21-уми ноябр дар варзишгоҳи Ал-Байт доир мегардад. Дар ин дидор мизбони мусобиқа - тими миллии Қатар - иштирок хоҳад кард. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ то 2-юми декабр идома меёбанд, 1/8 финал аз 3-юм то 6-уми декабр, 1/4 финал - 9-10-уми декабр, 1/2 финал - 13-14-уми декабр баргузор мешаванд. Бозӣ барои ҷои сеюм 17-уми декабр дар Варзишгоҳи байналмилалии “Халифа”-и Давҳа сурат мегирад. Бозии ниҳоӣ бошад, 18-уми декабр дар варзишгоҳи Лусайл-и шаҳри Лусайл барпо хоҳад шуд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як рӯз 4 бозӣ баргузор мешавад, ки ин мусобиқаро дар таърих аз ҳама фаровон месозад. Ёдовар мешавем, ки Қатар моҳи декабри соли 2010 барои мизбонии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баранда шуд. Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар 32 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Қаблан Федератсияи байналмилалии футбол ҳамроҳ бо ташкилкунандагони қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар имконияти зиёд намудани дастаҳоро то 48 адад баррасӣ намуд. Аз сабаби он ки омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон дар марҳилаи ҷорӣ қарор дорад, барои баҳогузорӣ ба имконияти баргузории мусобиқа бо ширкати 48 дастаи мунтахаб вақти бисёр зарур аст. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки аз зиёд кардани теъдоди дастаҳо даст кашида шавад, зеро ки муҳлати охирин барои қабули ин қарор июни соли 2019 муқаррар шуда буд. Аз қаҳрамонии ҷаҳон-2026 сар карда дар мусобиқа 48 даста иштирок хоҳад кард.