Jump to content

Wn/tg/Қирғизистон иҷораи пойгоҳи низомии Русияро гаронтар мекунад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Қирғизистон иҷораи пойгоҳи низомии Русияро гаронтар мекунад

Порлумони Қирғизистон ворид кардани тағйирот ба созишномаи шароити ҷойгиршавии пойгоҳи низомии Русия дар Канти ин кишварро ба баррасӣ мегирад.


Русия барои пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон 866,2 гектар заминро ба иҷора гирифта, солона 4,5 миллион доллар медиҳад. Ҷониби Қирғизистон дар пайи як санҷиш муайян кардааст, ки низомиёни рус 100 гектар замини бештар истифода мебаранд.


Баъди имзои созишномаи нав пули иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар сол то ба 4,7 миллион доллар боло меравад.


Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад.


Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд.


Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.