Jump to content

Wn/tg/Тоҷикистон мехоҳад аз Русия ваксинаи зидди COVID-19 харидорӣ кунад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Тоҷикистон мехоҳад аз Русия ваксинаи зидди COVID-19 харидорӣ кунад

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Тоҷикистон мехоҳад аз Русия ваксинаи зидди COVID-19 харидорӣ кунад

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти Русия шароити харидани ваксинаи зидди бемории COVID-19-ро баррасӣ мекунад. Дар ҳоле ки худи ваксина ҳанӯз ҳамаи зинаҳои озмоишро нагузаштааст.


Русия рӯзи 11-уми август эълон кард, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале як идда пажӯҳишгарон ба коромад будани он шубҳа доранд.


Як мақомои баландпояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "айни замон миёни Тоҷикистон ва Русия ба сари ваксина музокирот идома дорад".


Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло маълум нест, ки Русия чӣ миқдор ваксинаро метавонад ба Тоҷикистон бидиҳад. "Ҳамчунон масъалаи ройгон ва ё пулакӣ будани ваксина ва нархи он ҳанӯз маълум нест",- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки хост, номаш ба далели он, ки ҳаққи суҳбат дар ин мавзуъро надорад, нашр нашавад.


Дар сурати дастрас шудани ваксина дар навбати аввал кормандоне, ки бо шумори зиёди одамон сари кор мегиранд, аз ҷумла сарҳадбонҳон, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ қарор доранд ва қишри осебпазир аз COVID-19 беморони қанд ва маризони роҳҳои нафас эм карда хоҳанд шуд.


Ҳоло ниҳодҳои масъул шумораи афродеро муайян мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, бояд дар навбати аввал эм шаванд. Чун дар сурати ризоияти Русия, Тоҷикистон миқдори муайяни ваксинаҳоро аз Русия дархост хоҳад кард.


Донишмандони рус натиҷаҳои таъсири воксинаи "Спутник-V"-ро нашр карданд, ки ба гуфтаашон дар бадани инсон зидди коронавирус вокуниш нишон медиҳад.


Русия аз ҳама пеш эълон кард, ки ваксинаи нав ба зидди COVID-19-ро барои истифода расман сабт кард. Онро дар Озмоишгоҳи ба номи Гамалей офариданд.


Рӯзи 4-уми сентябр натиҷаи тадқиқот дар ин бора дар маҷаллаи тибии "The Lancet"-и чопи Бритониё нашр шуд. Дар ин матлаб гуфта мешавад, онҳое, ки ин ваксинаро озмоиш кардаанд, худро хуб ҳис мекунанд ва ҳоло дар баданашон сипар ё иммунитети зидди коронавирус пайдо шудааст.


Пас аз нашри ин гузориш гуруҳе аз пажуҳишгарон, аз ҷумла аз Италия, ки беш аз дигар кишварҳо аз бемории COVID-19 қурбонӣ дод, ба дурустии натиҷаҳои тадқиқоти олимони рус шубҳа карданд ва ба унвонии маҷаллаи "The Lancet" нома фиристоданд. Дар посух пажуҳишгарони рус иддао карданд, ки натиҷаҳои тадқиқот марбут ба ваксина аз сӯи коршиносони мустақил санҷида шуда, коромад будани он собит шудааст.


Дар ҳоле, ки Русия маъракаи эмкуниро дар бадани 40 ҳазор нафар шурӯъ карду ин ҳам як марҳилаи санҷиш аст, дар Тоҷикистон бовар доранд, ки Русия дар таҳияи ваксина комёб хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки Маскав ваъда кардааст, аввалин бастаҳои ваксинаро ба Беларус тақдим хоҳад дошт.


Ҳоло даҳҳо маркази тадқиқотӣ дар ҷаҳон беш аз сад ваксинаро озмоиш мекунанд. Бино бар эъломияҳо Амрико, Чин ва Бритониё беш аз дигар кишварҳо дар роҳи ҳосил кардани ваксинаи коромад ва собитшуда наздиканд.


Саидҷон Аҳмадов, сироятшинос ва ё эпидемиологи тоҷик мегӯяд, дар таърихи башарият чанд пандемия, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, ки рух дод бо роҳи эмгузаронӣ бартараф карда шуданд. "Аз ин рӯ барои мағлуб кардани COVID-19 ҳам ваксина зарур аст. То замоне ки 75-80 дарсади аҳолии мо бар зидди ин беморӣ подтан (антитела) пайдо накунад, мо ба ин беморӣ ғолиб омада наметавонем",-иброз дошт сироятшинос.


Аҳмадов гуфт, ба коромад будани ваксинаи тавлидкардаи Русия баҳо додан ҳанӯз барвақт аст, чун барои санҷиши самаранокии ваксина ҳади ақал як сол зарур аст. Ӯ гуфт, "Русия воқеан заминаи қавии илмиву лабораторӣ дар ин замина дорад. Масалан, ваксина зидди бемории эболаро низ бори нахуст Русия тавлид кард. Аз ин рӯ, пешдастии олимони рус ғайримунтазира нест, аммо боз ҳам интизори натиҷаҳо ниҳоӣ бояд монд".


Аҳмадов афзуд, бо вуҷуди умедвориҳо аз ҳосил шудани нахустин ваксинаҳо, мардум набояд дар баробари вируси нав фориғбол шаванд. "Як вижагии короновируси нав ин суръати паҳншавии он аст. Ин вирус масалан дар қиёс бо зуком 6 маротиба тезтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, чораҳои эҳтиётӣ, пӯшидани ниқоб, шустани дастон ва фосилаи ҷисмонӣ бояд риоя шавад. Чун пешгирии беморӣ ҳамавақт аз табобати он арзонтару осонтар аст".


Аҳмадов афзуд, кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Русия, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ манфиатдоранд, ки аҳолии ҳама кишвар ба ваксинаи зиддӣ COVID-19 дастрасӣ дошта бошанд. Чун дар сурати эм шудани аҳолии як кишвар, беморӣ аз кишвари дигар боз метавонад мунтақил шавад.


Бинобар иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30-уми апрел то санаи 21-уми сентябр дар Тоҷикистон 9 388 нафар ба короновируси нав сироят ёфтанд. Дар дӯ рӯзи истироҳат ва душанбе 21-уми сентябр шумораи сироятёфтагон 130 нафар бештар шуд. Шумораи қурбониён аз ин беморӣ 73 нафар гуфта мешавад.


Аммо бинобар мушоҳидаҳои корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд.