Jump to content

Wn/tg/Тоҷикистон барои ҳисоб кардани захираи конҳои фоиданок аз «Майкромайн» самаранок истифода мебарад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Тоҷикистон барои ҳисоб кардани захираи конҳои фоиданок аз «Майкромайн» самаранок истифода мебарад

АМИТ "Ховар" Тоҷикистон барои ҳисоб кардани захираи конҳои фоиданок аз «Майкромайн» самаранок истифода мебарад

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ба истифодаи усулҳои муосире, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд. Бо ин мақсад дар лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030» Барномаи «Майкромайн» ворид карда шудааст, ки давоми даҳ сол дар ҷумҳурӣ ба пуррагӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Бояд тазаккур дод, ки Барномаи «Майкромайн» барои ҳисоб кардани захираҳои конҳои фоиданок дар Австралия тарҳрезӣ шудааст. Дар Тоҷикистон  барои ҷорӣ кардани ин барнома як зумра корҳо ба анҷом расидаанд. Айни ҳол  дар Саридораи геология як гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки ба омӯзиши геологӣ бо истифода аз барномаи «Майкромайн» машғул мебошад. Айни замон  дар як кони намунавӣ ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаи мазкур амалӣ карда мешавад»,- афзуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Барномаи мазкур самти фарох дошта, ба воситаи он, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст меояд. Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад.  Барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғул ҳастанд, тариқи ин барнома метавонад, ба таври онлайн, яъне мустақим назорати рафти истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки ин барнома дар якчанд ширкатҳои ватанӣ ба таври таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳар сол як маротиба аз ҷониби ширкати «Майкромайн» барои омӯзиши ин барнома бо иштироки намояндагии қазоқистонӣ ва қирғизистонӣ мизҳои мудаввар баргузор мегарданд. Дар мизҳои мудаввар дар баробари мутахассисоне, ки аз барномаи мазкур истифода мебаранд, мутахассисони тоҷик ҳам иштирок карда, табодули таҷриба мекунанд.

Нархи барнома мазкур  40 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Барнома тариқи онлайн фаъолият  карда, ҳамарӯза рафти омӯзиши геологиро таҳти назорат  мегирад. Вақте дар барнома мавод иштибоҳан ворид мегардад, нишон медиҳад, ки мутахассис дар куҷо ба хатоӣ роҳ додаст.

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металургӣ аз ҷониби Барномаи «Майкромайн» як синфхона кушода шудааст, ки дар он донишҷӯён  зина ба зина ин барномаро аз худ мекунанд. Роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша доранд, ки як синфхонаи дигарро дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намоянд, то дар оянда мутахасисони соҳаи геология ба мушкилӣ дучор нашаванд.

Барномаи «Майкромайн» дар самти геология муосиртарин ба ҳисоб рафта, кори геологҳоро хеле осон мегардонад ва он мунтазам такмил дода мешавад.