Wn/tg/Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон ба марзи 10 000 наздик шуд
Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон ба марзи 10 000 наздик шуд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 4-уми октябр 40 мавриди собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва як нафари дигар аз ин беморӣ фавтидааст. То он рӯз 60 нафари дигар бо аломатҳои шабеҳ ба беморӣ зери назорати табибон қарор доштаанд ва 42 нафар бемор баъд аз табобат ба хонаҳояшон баргаштаанд.
Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 4-уми октябор гуфт, аз рӯзи 30-уми апрел то кунун дар кишвар коронавирус ба 9935 нафар сироят кардааст ва бештар аз 8749 нафари онҳо шифо ёфтаанд.
Талафот аз беморӣ ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон 78 нафарро ташкил медиҳад. Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.