Wn/tg/Талоши худсӯзии як зани узбекистонӣ баъди тахриби манзилаш
Як сокини 38-солаи вилояти Навоии Узбекистон баъди тахриби манзилаш, талош кард, назди бинои мақомоти маҳаллӣ худро оташ занад. Рӯзи 28-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин зан нашр шуд. Мақомоти вилояти Навоӣ гуфтанд, зан худро оташ назада, балки танҳо таҳдиди худсӯзӣ кардааст. "Наздик набиё, ман худро месӯзонам, бигзор ҳоким назди ман ояд. Ман бе хона мондам, бе сарпаноҳ мондам", -мегӯяд ин зан дар навори нашршуда. Афроди огаҳ аз қазия гуфтанд, мақомот манзили ин занро, ки аз 300 метри мураббаъ иборат буд, рӯзи 25-уми май тахриб карданд. Ба гуфтаи мақомот, манзили ин зан ғайриқонунӣ бунёд ва ба ҳамин далел тахриб шуд. Дар Узбекистон пештар аз ин ҳам ҳодисаҳои шабеҳ рух додааст. Чанде аз сокинон баъди тахриби хонаҳояшон худсӯзӣ ва ё таҳдид ба худсӯзӣ кардаанд.