Jump to content

Wn/tg/Табибони қирғиз гуфтанд, ҳиҷомат дар табобати коронавирус кумак намекунад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Табибони қирғиз гуфтанд, ҳиҷомат дар табобати коронавирус кумак намекунад

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Табибони қирғиз гуфтанд, ҳиҷомат дар табобати коронавирус кумак намекунад

Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова аз сокинони кишвараш даъват кард, ки ҳангоми табобат аз ҳиҷомат худдорӣ кунанд. Вай гуфт, вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешавад, ки гӯиё ҳиҷомат (хунгирӣ аз бадан ба воситаи шохмонӣ) дармони бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус аст ва табибон онро тасдиқ карда, тавсия медиҳанд. "Аз нигоҳи тиббӣ муфид будани он дар ягон ҷой тасдиқ нашудааст. Дар ягон дастурамали табобатӣ низ ҳиҷомат зикр нагаштааст. Хоҳиш мекунем, аз он худдорӣ кунед. Фаромуш насозед, ки бемории Ҳепатит, ВИЧ ва касалиҳои дигар тавассути хун мегузаранд. Мардум мегӯянд, ки 7-8 рӯз ҳиҷомат карданд ва тасфашон поин рафтааст. Фикр намекунанд, ки дар ин муддат организми инсон бо вирус мубориза бурда, масуният пайдо мекунад ва тасф ҳам поин меравад", - изҳор дошт ӯ. Дар Қирғизистон шумори умумии мубталоён ба коронавирус расман ба 12498 расида, аз ин миён, 3735 кас шифо ёфтанд ва 167 нафар ҷон бохтанд.