Jump to content

Wn/tg/СҶМ ба бозгашти 181 муҳоҷири тоҷик ба ватан кӯмак кардааст

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > СҶМ ба бозгашти 181 муҳоҷири тоҷик ба ватан кӯмак кардааст

СҶМ ба бозгашти 181 муҳоҷири тоҷик ба ватан кӯмак кардааст 181 муҳоҷири бандмондаи тоҷикро аз марзи Қазоқистон бо Узбекистон ба Тоҷикистон баргардонидаанд.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират  рӯзи 3-уми октябр хабар дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон бо роҳи заминӣ, тариқи автобус муҳоҷирон ба ватан расидаанд.

Ин созмон дар хабарномааш гуфтааст, ки муҳоҷирони бандмонда дар марз аз одитарин шароити зиндагӣ бархӯрдор набуданд.

“Вазъи онҳо бо дарназардошти тағйири ҳаво боз ҳам бадтар шуда буд. Ин гурӯҳе буданд, ки дар замони пандемия корашонро дар Қазоқистон аз даст додаанд. Дар миёни онҳо пиронсолон ва ноболиғон низ буданд.”,-гуфта шудааст, дар хабарномаи ин созмон.

Зейнал Гаҷиев, ҳамоҳангсозӣ барномаҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки аз аввали пандемия дар бозгашти беш аз 3500 муҳоҷири дармонда ба ватанашон кӯмак кардаанд.

Аксари кишварҳои минтақа охири моҳи марти имсол ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус марзҳояшонро бастанд.

Бо гузашти беш аз ҳафт моҳ ҳанӯз марзҳо пурра боз нашудаанд ва шаҳрвандони дармонда тариқи рейсҳои чартерӣ ва бо иҷозаи махсус ба ватан баргардонида мешаванд.