Wn/tg/Суғд: имсол деҳқонон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз зиёд намудаанд
АМИТ "Ховар" Суғд: имсол деҳқонон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз зиёд намудаанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, ки 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 16,1 фоиз ба хочагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар вилоят баробари хуб ба роҳ мондани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гӯшт, шир, тухм ва асал аҳамияти ҷиддӣ дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашат истеҳсоли аксари маҳсулот зиёд гардидааст.
Боят тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.