Wn/tg/Сокинони як деҳаи таърихии Бритониё олигархи қазоқро ба додгоҳ мекашанд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Сокинони як деҳаи таърихии Бритониё олигархи қазоқро ба додгоҳ мекашанд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Сокинони як деҳаи таърихии Бритониё олигархи қазоқро ба додгоҳ мекашанд

Сокинони деҳаи Ист-Хорслӣ дар Сассекси Шимолии Бритониё аз он нигаронанд, ки олигархи қазоқистонӣ Нурлан Бизаков мехоҳад дар ҳудуди фермаи асппарварии худ 205 бинои зист бунёд кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин сохтмонҳо симои деҳаи таърихии аз асри 12 боқимондаро хатчадор мекунад.


Ба навиштаи Daily Mail, Нурлан Бизаков соли 2010 фермаи асппарварии "Hesmonds Stud"-ро соҳиб шудааст ва сокинони Ист-Хорслӣ он замон истиқбол карданд, вале тасмими ғайриинтизори олигархи қазоқ дар бораи бунёди бинои зист дар ферма норозигии онҳоро ба бор овардааст.


Иштирокдорони маъракаи зидди бунёди биноҳои зист дар ҳудуди ферма мехоҳанд, олигархро ба додгоҳ бикашанд.


Маҷаллаи "Forbes" соли 2017 Нурлан Бизаковро ба феҳристи 50 соҳибкори сарватмандтарини Қазоқистон шомил карда буд. Дороии ӯ 445 миллион доллар арзёбӣ шуд. Ӯ дар солҳои гуногун узви шӯрои мудирони "Қазкоммерсбонк", мудири "ШНОС", муассиси "Нафтбонк", раиси шӯрои мудирони "Сумб" ва мудири "Қазфосфат" дар Қазоқистон буд.


Дар фермаи Hesmonds Stud зотҳои аспҳое парвариш меёбанд, ки дар мусобиқаҳои Англия ҳамеша ҷойҳои намоён мегиранд. Бизаков соли 2019 низ дар Фаронса фермаи асппарварии "Montfort & Préaux"-ро харидааст.