Wn/tg/Сарвазир ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ дастур дод
Appearance
Танҳо дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд. Ин нукта дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, ки таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Қоҳир Расулзода баргузор гардид, зикр шуд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр шудааст, ки ояндаи наздик дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб озмоишгоҳҳои вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки бо ин мақсад 10 мутахассиси вирусолог аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.