Wn/tg/Садамаи нақлиётии марговар

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Садамаи нақлиётии марговар

Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини н.Қубодиён-ро пахш намудааст.  Дар натиҷа, Кучкинов Н.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон