Jump to content

Wn/tg/Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва Дарвоз

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва Дарвоз

Рӯзи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб Ҳайдарович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири автомашинаи мазкур Холиқов Маҳмадбобо Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаи мазкур Бобоев Рустам Маҳмадович, соли таваллудаш 1998 ва Қурбоналиев Абдувалӣ Каримович, соли таваллудаш 1998, сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона санаи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон; Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Дар беморхона Шералиев У.А. ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Сангвор ва Худоиев Умар Асламшоевич, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда, Қадамов О.Т. ва мусофири дигараш, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон