Wn/tg/Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ Сафарович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш карда, баъдан ба дарахти дар канори чапи роҳ буда бармехурад.  Дар натиҷа ноболиғ Азизов З.Т ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст, худи ронанда Холмуродов Қ.С. аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мутаассифона, санаи 27-уми майи соли 2020, тахминан соати 04:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб Беҳрузович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст. Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов А.Б. ва Сидиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Сомонаи ВКД