Wn/tg/Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст.  Дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон