Wn/tg/Рахнагарон саҳифаҳои Twitter-и Билл Гейтс ва Барак Обамаро хароб карданд
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Рахнагарон саҳифаҳои Twitter-и Билл Гейтс ва Барак Обамаро хароб карданд
Рахнагарон даҳҳо саҳифаҳои Twitter -и корбарон, аз ҷумла, саҳифаҳои чандин шахсияти маъруфи сиёсиву ҷамъиятии ИМА-ро хароб карданд. Дар миёни онҳо – муассиси Microsoft Билл Гейтс, раҳбари кулли ширкати Tesla ва муассиси SpaceX Илон Маск, рэпсаро Канйе Уэст, собиқ президенти ИМА Барак Обама, сиёсатмадорон Ҷо Байден ва Майкл Блумберг, муассиси Amazon Джеф Безос ва дигарон мебошанд. Инчунин саҳифаҳои расмии ширкатҳои Apple, Uber ва бозорҳои пули рақамӣ рахна шуданд. Дар шабакаи иҷтимоӣ нусхаи саҳифаҳо бо даъват ба ирсоли пулҳои рақамӣ ба ҳамёни муайян нашр ва ваъда шудааст, ки пулҳо дар ҳаҷми ду баробар бештар баргардонида мешаванд. Вале базудӣ ин навиштаҳо дар Твиттер тоза шуданд. Нашрияи The Verge гуфт, ки тақаллуборон тавонистанд аз ин бебандуборӣ беш за 104 ҳазор доллар ба даст оваранд. Дар ширкати Twitter гуфтанд, ки дар бораи ин ҳодиса хабар доранд ва ҳоло талош доранд, ки ин мушкил ҳал шавад.