Wn/tg/Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дар Тоҷикистон нархи хишт боло рафт. Сохтмон зиёд шудааст?

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Дар Тоҷикистон нархи хишт боло рафт. Сохтмон зиёд шудааст?ВИДЕО

Ахиран дар Тоҷикистон болоравии нархи бархе аз маҳсулот мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, арзиши хишт -масолеҳи сохтмонӣ, ки ба тавлиди он дар Тоҷикистон беш аз 130 коргоҳ машғул ҳастанд, аз 55 дирам то ҳудуди як сомонӣ афзоиш ёфтааст. Афзоиши ҳаҷми андоз, арзиши обу нерӯи барқ ва ангишт омили аслии ин амр гуфта мешавад.


Муродалӣ Шамсов, як нафақахур аз ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ қасд дошт, то фарорасии фасли зимистон ба бинои дутабақаи ҳавлии наваш бикӯчад. Аммо афзоиши нархи маҳсулоти сохтмонӣ ӯро дар дуроҳа қарор додааст. Зеро қиматии нархи хишт, масолеҳи сохтмонӣ имкон намедиҳад, ки вай зуд табақаи дувуми манзилашро бисозад.


Ӯ мегӯяд, танҳо барои бардоштани девори табақаи аввал тақрибан 13 ҳазор дона хишт сарф шуд ва барои сохтмони табақаи дувум низ ҳамин миқдор хишт даркор аст. "Дар муқоиса бо нархҳои пешин бояд тақрибан 6 ҳазор сомонӣ бештар маблағ сарф кунам",-мегӯяд ӯ.


Муродалӣ Шамсов афзуд, ки соли гузашта барои сохтмони манзили наваш ҳар як дона хиштро бо нархи то 55 дирам ё 5 сенти амрикоӣ харидорӣ карда буд. Ҳоло бошад, фурӯшандаҳои хишти пухта вобаста ба сифати хишт барои ҳар як донааш то 90 дирам ва аз он ҳам бештар талаб мекунанд.



Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон миқдори зиёди корхонаҳои хиштбарорӣ фаъолият мекунанд ва ба унвони ашё хоки маҳаллиро барои хиштпазӣ истифода мекунанд. Ангиштсанг барои пухтани хишт низ аз конҳои худи Тоҷикистон истихроҷ мешавад. Ҳангоми боздид аз даҳҳо корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Ҳисор мушоҳида шуд, ки ҳамаи онҳо фаъоланд ва захираи миқдори зиёди хиштро низ дар ихтиёр доранд.


Ҷамшед Неъматов, муҳосиби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Корвони асри ХХ1” дар ноҳияи Ҳисор бар ин назар аст, ки сабаби болоравии нархи хишт ба афзоиши ҳаҷми андозбандӣ ва арзиши нарх бастагӣ дорад.


"Қиматшавии хишти корхонаи мо аз ҳисоби болоравии андозҳо, нархи барқ, об, ангишт. Аслан, кори мо аз ангишт сахт вобаста аст. Ба ҳамин хотир, нархи хиштро каме баланд бардоштем",-афзуд ӯ.


Ин корхона дар як шабонарӯз то 120 ҳазор дона хишт тавлид мекунад ва харидорони умдафурӯш аз онҳо як дона хиштро бо нархи 75 дирам харидорӣ карда, сипас бо изофаи фоидаи худро чаканафурӯшӣ мекунанд.


Идибек Давлатов, корманди корхонаи хиштбарори "Корвони асри ХХ1" мегӯяд, ки тавсеаи сохтмони манзил дар Душанбе ва атрофи он сабаби серхаридор шудани хишт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, хишти онҳоро сохтмонҳои Душанбе, Ҳисор ва афроди алоҳида, ки хонаҳои хусусӣ месозанд, харидорӣ мекунанд.


Феълан дар Душанбе пайдо кардани кӯчае, ки дар он сохтмони манзили нави баландошёна ё ҳавлие набошад, ғайриимкон аст. Аз сӯи дигар, нархи манзили нав дар биноҳои баландошёна ҳамчунон яке аз баландтарин дар минтақа дониста мешавад. Ба унвони мисол, арзиши як метри муррабаъ манзили нав дар маркази шаҳри Душанбе ҳудуди як ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.


Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввал дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми сохтмони манзил дар Душанбе 110 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз сӯи дигар, феълан дар Тоҷикистон беш аз 130 корхонаи тавлиди хишт фаъол аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 160 миллион дона хишт тавлид кардаанд.