Wn/tg/Президенти Косово давоми чор рӯз ба саволҳои муфаттишони додгоҳи Гаага посух дод

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Президенти Косово давоми чор рӯз ба саволҳои муфаттишони додгоҳи Гаага посух дод

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Президенти Косово давоми чор рӯз ба саволҳои муфаттишони додгоҳи Гаага посух дод

Президенти Косово Ҳошим Тачи дар Гаага давоми чор рӯз ба саволҳои муфаттишони ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод. Рӯзи 16 июл, замоне, ки додгоҳро тарк мекард, Тачи гуфт, ки “сӯҳбатҳои корсозе” дошт. Ӯ гуфт, ки “ҳоло ба додситонҳо бастагӣ дорад, ки то куҷо онҳо баёноти маро бетарафонаву касбӣ ва одилона арзёбӣ карда, ба осонӣ ба хулосае меоянд, ки ман ҳеҷ ҷинояте содир накардаам”. Шӯрои коршиносони Косово рӯзи 24 июн гуфт, ки Тачи ва чанд шахсияти маъруфи Косово дар эҳтимоли содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ, аз ҷумла “тахминан 100 куштор”, нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва шиканҷа гумонбар мешаванд. Тачи фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд, ки солҳои 1990-ум барои истиқлолият аз Сербия ҷангидааст. Додрас бояд маълум кунад, ки то куҷо Тачиву дигар нафарони гумонбарро ба додгоҳ ҷалб кунад ваё парванда баста шавад. Тачи ба шаҳрвандони Косово гуфт, ки агар ӯ мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор гирад, ҳамон лаҳза ба истеъфо меравад ва ба иттиҳомот посух хоҳад дод. Ӯ инчунин аз корномааш ҳимоят кард ва гуфт, ки барои истиқлолияти Косово ҷангидааст.