Wn/tg/Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд. Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон