Jump to content

Wn/tg/Омори расмии қурбониёни COVID-19 бетағйир аст, омори ғайрирасмӣ аз 400 нафар бештар шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Омори расмии қурбониёни COVID-19 бетағйир аст, омори ғайрирасмӣ аз 400 нафар бештар шуд

Омори расмии қурбониёни COVID-19 бетағйир аст, омори ғайрирасмӣ аз 400 нафар бештар шуд https://www.ozodi.org/a/30648522.html

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи дувуми июн гуфт, дар тақрибан як ҳафтаи ахир касе аз бемории COVID-19 нафавтид. Шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон 47 нафар аст.


Ин дар ҳолест, ки дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи беш аз 400 нафар дарҷ шудааст. Дар як ҳафтаи ахир номи беш аз бист касро ба ин рӯйхат ворид карданд.


Феҳрастро бар пояи хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикон омода кардаанд ва бахше аз он пурра тасдиқ шуда, қисмати дигари он дар ҳоли дурустисанҷист. 


Дастрасӣ ба ин рӯйхат дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Ин аст, ки шубҳаҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бисёриҳо мегӯянд, мақомот на ҳама ҳақиқатро дар бораи коронавирус баён медоранд.


Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта 87 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт карданд ва шумори умумии беморон то 2-юми июн ба 4100 нафар расид.


Ба иттилои расмӣ то ин дам 2217 кас шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, дар шифохонаҳо 1612 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи охир 393 нафарро пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. 


Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн хабар дод, ки "сирояти коронавирус дар байни аҳолии мамлакат ба маротиб коҳиш ёфта, ба сатҳи поин расидааст". Ба иттилои манбаъ, аксар шифохонаҳо, аз ҷумла Қарияи Болои Душанбе, баъди корҳои зиддиуфунӣ "бо тартиби муқаррарӣ кор мекунанд".


Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам беморони зиёде дар хонаҳои худ табобат мегиранд ва набояд холӣ шудани бемористонҳо ба маънои пурра аз байн рафтани хатари коронавируси нав маънидод шавад.


Тоҷикистон 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. То он замон марги пайиҳами бархе аз сокинон ва афзоиши шумори беморонро дар шифохонаҳо ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.