Wn/tg/Натоиҷи қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2020
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
Натоиҷи қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 Имрӯз, 15-уми июл, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми кишвар бо ширкати намояндагони даҳ дастаи лигаи олӣ ва шаш дастаи лигаи аввал баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, бар асоси қуръакашӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон «Равшан» (Кӯлоб) бо «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истиқлол» (Душанбе) бо «Моҳир» (Ёвон), «Барқчӣ» (Ҳисор) бо «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Душанбе-83» (Душанбе) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Равшан» (Зафаробод) бо «Эсхата» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ) бо «Хатлон» (Бохтар), «Истаравшан» (Истаравшан) бо ССКА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) бо «Кӯктош» (Рӯдакӣ) рақобат мекунанд. Бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 1-3-юми август ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ бар асоси ҷадвал муайян хоҳад шуд. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба ҳақққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудани як даста, Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2021 ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар намояндагӣ хоҳад кард. Натоиҷи қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон) «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) «Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд) «Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар) «Истаравшан» (Истаравшан) – ССКА (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.