Wn/tg/Натиҷаи рақобатҳои даври 3-юми Лигаи бонувон
Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона бозиҳои даври сеюм баргузор шуданд. Дар ин давр ғолиби феълии лига дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бар дастаи хубони “Бешкент” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Футболбозони дастаи “Зебонисо”-и пойтахт бошанд дар ин давр ба дарвозаи дастаи «Панҷшер» чордаҳ голи беҷавоб заданд. «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби калони 6:0 “Ҳосилот”-и Фархорро шикаст дод. «Чашма»-и Шаҳритуз бо ҳисоби минималии 1:0 “Равшан”-и Кӯлоб ва футболбоздухтарони “Зебо” дар сафар бар дастаи “Барқ” бо ҳисоби 5:0 дастболо шуданд.
Баъди се даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаҳи “Зебо” ва “Хатлон” бо 9 имтиёзӣ пешсаф мебошанд.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 3-юм
«Бешкент» – «Хатлон» – 1:2
«Панҷшер» – «Зебонисо» – 0:14
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 6:0
«Равшан» – «Чашма» – 0:1
«Барқ» – «Зебо» – 0:5
Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо»), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ, Умеда Ҷалилова («Чашма»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 5 голӣ.
Дар даври 4-ум вомехӯранд:
15 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Зебо»
«Чашма» – «Барқ»
«Ҳосилот» – «Равшан»
«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ»
«Бешкент» – «Панҷшер»