Wn/tg/Наполи Умтитиро нишон гирифтааст

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Наполи Умтитиро нишон гирифтааст

“Наполи” ҳимоятгари “Барса” - Самуел Умтитиро нишон кардааст. Тими итолиявӣ ин бозигари мунтахаби Фаронсаро фаронсаро чун нафари ивазкунандаи Калиду Кулибали мебинад. Нафаре, ки бо эҳтимолияти зиёд тобистон дастаро тарк мекунад. Расонаҳо мегӯянд, ки қарордоди Кулибали бо “ПСЖ” аллакай омода аст ва танҳо метавон кушодашавии равзанаи тарснфериро интизор шуд.

Дар хусуси Умтити метавон гуфт, ки рафтани ӯ аз “Барса 2 касеро дар ҳайрат намемонад, ҳарҷанд, ки худи бозигар кӯшишҳои дар клуби каталонӣ монданро ба харҷ медиҳад. Вале “Наполи” барояш варианти хубест, чаро ки мавқеъ дар ҳайати асосиро барояш кафолат медиҳад ва пас аз рафтани Кулибали ӯ метавонад чун пешвои асосии хати дифоъ бигардад. Неаполитаниҳо баҳри пирузӣ дар Серияи А дар муборизаанду мудом дар Лигаи Қаҳрамонҳо бозӣ мекунанд ва маҳз чунин имкониятҳо барои Самуел Умтити қобили қабуланд.