Jump to content

Wn/tg/Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати собиқ назоратчии шабакаҳои барқ дар ҳамин ноҳия шаҳрванд Бегиҷонов Улуғбек Маъмурович соли таваллудаш 1979 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур барои азонихудкунии маблағи аз ҳисоби муштариён пардохтшуда ва мардумфиребӣ тибқи талаботи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 245 ва 247 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Агар ин нозири шабакаҳои барқ дар давраи фаъолияти хизматӣ маблағи муштариёнро ба суратҳисоби ташкилот насупорида бошад баъди аз кор ихроҷ шудан рӯи рост даст ба мардумфиребӣ зада худро то ҳануз назоратчии фурӯши барқ муаррифӣ намуда ба боварии муштариёни маишӣ даромада бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба онеки ҳисобкунаки барқи хисоб кардааст маблағ ба даст оварда ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст. Зарардидагон асосан хоҷагидоронанд, ки барои истифодаи пойгоҳи обкашӣ қувваи барқро истифода бурда, баъди муайян шудани ченаки ҳисобкунак ва бақайдгирии он аз ҷониби шабакаҳои барқ, роҳи ҳаллро тавассути У. Бегиҷонов ҷӯё шудаанд. Аммо ин чораҷӯӣ онҳоро ба доми қаллоб афтонид. Бо ваъдаи мусбӣ ҳал кардани кори нафаронеки ба шабакаҳои барқ корафтода шудаанд шеваи дигари мардумфиребиҳост. Ба мисли аз саҳни хавлӣ ба берун кӯчонидани симчӯб, гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайраҳо. То санаи 30 май дар парвандаи ҷиноятии нисбати Улуғбек Бегиҷонов оғоз гардида 16 аризаи шаҳрвандон қайд гардидааст, ки пушти ҳар як муроҷиат зарари моддӣ меистад. Лозим ба таъкид аст, ки ин нафар қаблан дар давраи фаъолияташ дар шабакаҳои барқ ду маротиба барои азонихудкунии маблағи муштариёни барқ ба чавобгарии ҷинояти кашида шудааст. Акбар Шарифӣ, майори милитсия Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон