Jump to content

Wn/tg/Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистонро ба ватан оварданд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистонро ба ватан оварданд

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 шаҳрванди дармондаи кишварро аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан овардаанд. Ин нафарон дар пайи баста шудани марзҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус, дар марз дармонда буданд.


Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 2-юми июн шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳи "Жибек Жолӣ" ба хона баргаштанд. ВКХ ба мақомоти Узбекистон ва Қазоқистон изҳори ташаккур кардааст, ки барои убури бемамониати сарҳад мусоидат карданд.


Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаи худашон чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармонда, мунтазири бозгашт ба ватан буданд. Ин афрод бо ирсоли чанд навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити сахте ба сар мебаранд ва рӯйи фарш хоб мекунанд.


Мақомоти тоҷик гуфтанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон "ду моҳ пеш" ба гузаргоҳи марзӣ омада, дармонданд ва дигарон тадриҷан "се-чаҳорнафарӣ" ҳафтаҳои охир дар инҷо ҷамъ шуданд.