Wn/tg/Марзбонҳои Полшаву Украина: марз бо Беларус боз аст
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Марзбонҳои Полшаву Украина: марз бо Беларус боз аст
Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфт, ки назорати марзи давлатӣ сахттар шудааст, вале ҳама гузаргоҳҳои марзӣ боз мемонанд. Ин дар ҳолест, ки президенти ин кишвар Александр Лукашенко, ки шаш ҳафта инҷониб дар муқобили мардуми эътирозгари талабгори истеъфояш қарор дорад, гуфт, ин кишвар бояд дар марзҳои ғарбиаш тадбирҳое биандешад. Кумитаи марзбонӣ рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ки “хадамоти марзбонӣ назорати марзҳои давлатии Ҷумҳурии Беларусро аз роҳи ҷалби нирӯҳои тактикии захиравӣ тақвият додааст”. Ин ниҳод гуфт, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба қудрати пурра кор мекунанд.
Марзбонҳои Полша ба оҷонсии Reuters рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, ки дар марзи Полшаву Беларус ҳеҷ мушкиле намебинанд ва сухангӯи марзбонии Украина Андрей Демченко тавассути телевизион гуфт, дар ҷониби Беларус ҳеҷ нирӯи иловагӣ ваё васоили фанние гузошта нашудааст, ки аз баста шудани марз аломат медода бошанд. Рӯзи 17-уми август президенти Беларус Александр Лукашенко Полшаву Литва ва Украинаро дар он гунаҳгор кард, ки ба гуфтааш, дар талоши доман задани “як низои доғ” ҳастанд ва гуфт, ки марзҳо бо ин кишварҳо бояд баста шаванд. Мухолифон ва сокинони зиёди Беларус Лукашенко ва мақомотро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август гунаҳгор мекунанд.