Wn/tg/Марги як эътирозгари эронӣ дар боздоштгоҳи Теҳрон

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Марги як эътирозгари эронӣ дар боздоштгоҳи Теҳрон

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Марги як эътирозгари эронӣ дар боздоштгоҳи Теҳрон

Дар як боздоштгоҳи Теҳрон марде даргузашт, ки барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ боздошт шуда буд. Нодир Мухторӣ 35 сол дошт ва ба иттилои вебсайти “Калима” рӯзҳои истироҳати гузашта дар боздоштгоҳи Коҳрезаки Теҳрон ҷон дод. Ҳанӯз мақомоти эронӣ дар бораи ин хабар изҳори назар накардаанд. Дар гузориш омадааст, ки Мухторӣ барои ширкаташ дар эътирозҳои шаҳри Караҷ, воқеъ дар ҷануби Теҳрон, шадидан латукӯб шуд ва баъди ин ба кома ё беҳушӣ афтод. Моҳи март дубора ба худ омад ва ӯро бо вуҷуди эътирозҳои наздиконаш, ба беморхонаи Коҳрезак интиқол доданд. Вебсайти “Калима” мегӯяд, ки ҷасади ӯро то ҳол ба наздикон насупурданд ва худи оилааш ҳам то ҳол таҳти фишору таҳдид қарор дорад. Amnesty International гуфт, ки дар саркӯби эътирозҳои моҳи ноябри порсол 304 нафар ҷон дод. Ин мардум аз якбора боло рафтани қимати гази моеъ даст ба эътироз заданд. Мақомоти эронӣ, ки омори нашркардаи созмони ҳомии ҳуқуқро ҳамчун “ғайривоқеӣ” рад мекунанд, то ҳол омори худро дар ин замина нашр накардаанд.