Wn/tg/Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мешаванд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мешаванд

Имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мегарданд

Имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабон дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз гардида то 7 июл давом мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази милии тестӣ (ММТ) хабар доданд, зимни баргузории имтиҳонҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ риоя шуда, баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. “Маъмулан дар синфи имтиҳонгирӣ танҳо як кас сари миз менишинад. Дигар тадбирҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тавсияшуда низ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳозир ҳамаи корҳо тибқи нақша ҷараён дошта, агар чизеро тағйир додан лозим ояд, дар ин бора тариқи ВАО ва сомонаамон маълумот хоҳем дод”, - гуфтанд дар Марказ. Манбаъ ҳамчунин қайд кард, ки даври иловагии имтиҳонҳо 12 июл баргузор мешавад. “Имтиҳони такрорӣ ба довталабоне, ки моҳҳои март-апрел ба қайд гирифта шудаанд, дахл дошта, онҳо аввали моҳи июл метавонанд имтиҳон супоранд, ҳамчунин ба касоне дахл дорад, ки ба даври иловагӣ худро ба қайд мегузоранд, яъне моҳи июн”, - изҳор доштанд дар марказ.