Wn/tg/Зукоми мурғ дар чанд вилояти Қазоқистон ба қайд гирифта шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Зукоми мурғ дар чанд вилояти Қазоқистон ба қайд гирифта шуд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Зукоми мурғ дар чанд вилояти Қазоқистон ба қайд гирифта шуд

Дар панҷ вилояти Қазоқистон талафоти сартосарии мурғҳои хонагӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти он кишвар мегӯянд, ҳадди ақал дар се вилоят зукоми мурғ таъйид шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 сентябр мақомоти Қазоқистон хабар доданд.


"То имрӯз дар 26 ноҳияи 5 вилояти кишвар талафоти мурғи хонагӣ сабт шудааст. Шумори умумии мурғҳои талафшуда 12 ҳазору 926 сарро ташкил медиҳад. Талафот дар фабрикаи мурғпарварии вилояти Қазоқистони Шимолӣ ҳам сабт шуд. Дар ин фабрика 41 ҳазор мурғ талаф шудааст",-гуфт Гулмира Исоева, муовини вазири хоҷагии деҳоти Қазоқистон.


Чанд рӯз пеш мақомоти Қазоқистон аз паҳншавии "зукоми мурғ" дар он кишвар ва чораандешӣ зидди паҳншавии ин навъи зуком хабар дода буданд. Мақомот ҳамзамон содироти гӯшти мурғро аз вилоятҳое манъ карданд, ки дар онҳо зуком сабт шудааст.


Ҳукумати Қазоқистон ба сокиноне, ки мурғҳояшон талаф шудаанд, пардохти ҷуброн ваъда кард.