Jump to content

Wn/tg/Занони кӯчарӯби пойтахт: Ба қадри заҳмати мо ҳам расед

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Занони кӯчарӯби пойтахт: Ба қадри заҳмати мо ҳам расед

Имрӯзҳо аксарият гӯшанишиниро ихтиёр карда, хеле кам дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд, лекин кормандони хадамоти коммуналӣ кори худро идома дода истодаанд. Ба қавли онҳо, дар ин давра агар партовҳо қадре кам шуда бошанд ҳам, вале бархе то ҳол одатҳои бади худро гум накардаанд. “Ниқобу дастпӯшакҳои истифодашударо мепартоянд, дар як ҷӯйбор 5-6-тогӣ пайдо мешавад, - мегӯяд яке аз ин занҳо Сайбегим Суламаева. – Мо нимаи шаб то субҳ аз хоб монда, ба кор мебароем, то ки шаҳр тоза бошад, аз ин рӯ, шумо қадре бошад ҳам, ба заҳмати мо арҷ гузоред, хуб мешуд”. Дастпӯшаку ниқобҳои истифодашударо дар кӯчаву хиёбон ва боғҳо партофтан қатъиян манъ аст, лекин занони кӯчарӯб ҳар рӯз садҳо адади онҳоро пайдо мекунанд. Музди меҳнати моҳонаи занони кӯчарӯб 800 сомониро ташкил дода, дар ҷашни Рӯзи модар як музди иловагӣ ва дар дигар идҳо низ каме кумакпулӣ мегиранд, лекин аз кори душвори худ шикоят надоранд. ---- Азия-Плюс