Jump to content

Wn/tg/Журналисти рус худро дар назди бинои пулис оташ зад

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Журналисти рус худро дар назди бинои пулис оташ зад

Журналисти рус худро дар назди бинои пулис оташ зад

Ирина Славина, рӯзноманигори рус, ки худро дар назди Шӯъбаи пулиси шаҳри Нижний Новгород оташ зада буд, ба ҳалокат расидааст.


Славина, ки сардабирии нашрияи “Коза Пресс” дар ин шаҳрро бар душ дошт, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи "номатлуб" гумонбар мешуд.


Пеш аз ин пулис дафтари кории ӯро кофтукоб ва таҷҳизоти кориашро мусодира карда буданд.


Ӯ қабл аз марг дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки “Дар марги ман Федератсияи Русияро гунаҳкор донед”.


Дар Бахши ёрии таъҷилии шаҳри Нижний Новгород хабари марги ӯро тасдиқ карданд.


Ӯ қаблан дар фейсбукаш навишта буд, ки пулис дар ҷустуҷӯи далели ҳамкории ӯ бо гурӯҳи “Русияи боз” аст.


Ин гурӯҳ дар Русия дар руйхати созмонҳои “номатлуб” дохил аст.


Славина дар гузашта низ барои навиштаҳо ва эътирозҳояш боздошту ҷарима шуда буд.