Wn/tg/Даъвати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешгирии таҳқири рӯзноманигорон
“Мо, ҷомеаи рӯзноманигории Тоқикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба дубора лату кӯб шудани хабарнигори гуруҳи расонаҳои Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Ғурбатов Авазмат), ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ сурат гирифт, баён менамоем. Мо латукӯби рӯзноманигорро дар ин замони буҳрони каронавирус, ки ҷомеа ба ҳамбастагии миллӣ зарурат дорад ва дар остонаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бар зарари обрӯ ва эътибори милливу байналмилалии Тоҷикистон медонем”, - қайд мешавад дар изҳороти имрӯз, 29 май нашршудаи созмонҳои рӯзноманигорӣ, сардабирон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон дар робита ба латукӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар вақти таҳияи гузориш дар бораи осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон лату кӯб шуд. “Ин амалкард хилофи қонунгузории кишвар мебошад. Мувофиқи моддаи 28-и қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳузури рӯзноманигор дар маҳалли ҳодиса ҳаққи қонунии ӯ буда, ин амал монеъ шудан ба фаъолияти касбӣ ва тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷиноят аст”, - омадааст дар изҳорот. Баъди қазияи якуми латукӯб (шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди манзилаш аз ҷониби 2 нафари лат кӯб шуд) Вазорати корҳои дохилӣ вокуниши сареъ нишон дода, аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳолат хабар дод. Дар ин хабар гуфта мешуд, ки “рафти тафтишоти пешакӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад”. Аммо натанҳо гумонбарон пайдо ва ҷазо дода нашуданд, балки ин навбат лату кӯб аз ҷониби як нафар, ки худро раиси маҳалла муаррифӣ намудааст, сурат гирифт. Бинобар ин, бепосух мондани зӯровариву хушунат нисбат ба рӯзноманигор аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид ба озодии баён талаққӣ шуда, боиси латма задан ба обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад. Дар ҷомеаи демократӣ ба ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд вокуниши сареъи мақомот сурат гирифта, ҳамлаварон пайдо ва дар ҷаҳорчӯби қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо низ умедворем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тафтиши ҳодиса гумонбарони ҳарду ҳолатро пайдо ва ҷазо медиҳанд. Вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи баъзе корбарони маълуму номаълум нисбат ба рӯзноманигорони алоҳида маводу матлабҳо ва аксу видеоҳои таҳқиркунандаи шахсияти рӯзноманигорон хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронии шадии ҷомеаи рӯзноманигорӣ шудааст. Аз ҷумла Шаҳло Гулхоҷа, хабарнигори Радиои Озодӣ мавриди чунин як ҳамлаҳо қарор гирифтааст. "Мо аз мақомоти масъули давлат, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ даъват мекунем, ки пеши роҳи лату кӯб ва бадномсозиву таҳқир кардани рӯзноманигорон гирифта шавад ва фазои мусоиди ҳамкориву муколама таъмин шавад", - таъкид мешавад дар фарҷоми изҳорот.