Wn/tg/Дар Тоҷикистон COVID-19 ба 52 нафари дигар сироят кардааст

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Дар Тоҷикистон COVID-19 ба 52 нафари дигар сироят кардааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 52 мавриди нави  сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст, вале талафот аз беморӣ мушоҳида нашуд.

Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 15-уми июл нашр шуд, омадааст, ки дар умум аз рӯзи 30-уми апрел то 15 – уми июл 6695 нафар мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд ва аз ин ҳисоб  “5383 нафар ё худ 80,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, 56 нафар фавтидаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, “шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд». Бисёриҳо ба омори расмӣ доир ба сирояти бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки миқёси густариши беморӣ ва талафот бузургтар аз он аст, ки тасвир мешавад.