Jump to content

Wn/tg/Дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо ба 200 ҳазор нафар наздик шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо ба 200 ҳазор нафар наздик шуд

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо ба 200 ҳазор нафар наздик шуд

Рӯзи 21-уми сентябр дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо бар асари COVID-19 ба 200 ҳазор нафар наздик шуд. Ин дар ҳолест, ки президент Доналд Трамп ишора кардааст, ки бадтарин рӯзҳо пуштисар  мешавад. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар ИМА 800 нафар қурбони коронавирус мешавад. Ин омор аз нишондодҳои миёнаҳои моҳи апрел, ки он замон ба ҳисоби миёна 2800 нафар ҷон медод, камтар аст.


Дар ҳамин ҳол дар Аврупо тарс аз авҷгирии мавҷи дуюми паҳншавии вируси нав дар Испания, Фаронса ва Бритониё пайдо шудааст ва дар ин ва дигар кишварҳои аврупоӣ меъёрҳои беҳдориву маҳдудиятҳои иҷтимоиро сахттар мекунанд. Интизор меравад, ки нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 22-юми сентябр дар заминаи шадидтар шудани меъёрҳои беҳдорӣ дар кишвар эълони наве бидиҳад.