Jump to content

Wn/tg/Даргузашти Сайфиддин Тӯраев, собиқ номзад ба президентӣ дар солҳои 90-ум

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Даргузашти Сайфиддин Тӯраев, собиқ номзад ба президентӣ дар солҳои 90-ум

Имрӯз дар Истаравшан сиёсатмадори маъруф дар замони пешин, собиқ номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон Сайфиддин Тӯраев дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Акбар Маъруфов, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Истаравшан, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Тӯраев бар асари бемории қалб даргузашт ва маросими дафнаш баъд аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад. "Он кас бемори қалб буданд ва аз ин маризӣ даргузаштанд. Чанд сол боз дар Истаравшан мезистанд. Ба сабаби бемории ҳамагир эҳтимол дар маросими ҷаноза одами бисёр ҷамъ наояд", - гуфтааст номбурда. Гуфта мешавад, қарор аст, ҷасади Сайфиддин Тӯраевро дар оромгоҳи "Калламанора", ки падараш дар он ҷо дафн шудааст, ба хок супоранд. Сайфиддин Тӯраев зодаи шаҳри Истаравшан (собиқ Ӯротеппа) буда, хатмкардаи Донишкадаи нассоҷии Маскав (соли 1973) ва Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1989-1991) мебошад. Аз соли 1973 то 1986 дар Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа фаъолият намуда, сар аз коргару усто то ба мансаби директори фабрика расид. Тӯли солҳои 1986-1989 вазири хизмати маишии ҶШС Тоҷикистон ва давоми солҳои 1991-1992 ба ҳайси муовини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Соли 1992 дар қатори 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бӯрихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон ба мансаби президентӣ довталабӣ карда буд. Дар интихоботи президентии соли 1992 низ номазадии худро пешбарӣ карда, лекин бо сабаби ба миқдори кофӣ ҷамъ оварда натавонистани имзо, ба қайд гирифта нашуд. Баъд аз ин саҳнаи сиёсатро тарк карда, ба зодгоҳаш баргашт ва ба тиҷорат машғул шуд.