Wn/tg/Гузориши СММ: "Толибон робитаашро бо Ал-Қоида қатъ накардааст"
Гузориши СММ: "Толибон робитаашро бо Ал-Қоида қатъ накардааст" https://www.ozodi.org/a/30648024.html
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши солонааш аз идомаи робита миёни шабакаи тундрави Ал-Қоида ва гурӯҳи Толибон парда бардоштааст. Дар ин гузориш, ки рӯзи душанбеи якуми июн нашр шуд, омадааст, ки Ал-Қоида дар 12 вилояти Афғонистон фаъол аст ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 то 600 ҷангҷӯ дар ин кишвар дорад.
Бадахшон, Ғазнӣ, Ҳилманд, Кунар, Кундуз, Нангарҳор, Нимруз, Нуристон, Пактиё, Зобул аз вилоятҳое гуфта шудааанд, ки Ал-Қоида дар онҳо фаъолият дорад.
Мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид гузориши нави худро бар асоси гуфтугӯ бо мақомҳои 33 кишвари узви ин созмон ба иловаи ниҳодҳои амниятӣ ва иктишофӣ ва огоҳони низомӣ, таҳия кардаанд.
Натиҷаи арзёбии "Гурӯҳи ҳимояти таҳқиқӣ ва назорати таҳримҳои СММ" ба нақл аз ин мақомҳо менависад, ки Толибон бо идораи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бозии дутарафа ё дусара кардаанд ва дар ҷараёни гуфтугӯҳои 16-моҳа бо ИМА, бо раҳбарони баландпояи шабакаи Ал-Қоида машваратҳо доштаанд.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки Толибон ба Айман Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида ин итминонро додаанд, ки ба робитаи дерина бо ин гурӯҳ пойбанд хоҳанд буд. 33 кишвари узви СММ ба гурӯҳи таҳқиқии ин созмон гуфтаанд, ки аъзои Толибон бо Ал-Қоида дар ҷараёни солҳои 2019 ва 2020 мулоқотҳо дошта, дар бораи тарҳрезии амалиётҳо, омӯзиш ва фароҳам кардани паноҳгоҳҳои ман барои Ал-Қоида аз сӯи Толибон дар Афғонистон, гуфтугӯ кардаанд.
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, то ҳанӯз нигарони равобит миёни Толибон ва Ал-Қоида аст. Давохон Минапол, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "дар созиш миёни Амрико ва Толибон, гурӯҳи Толибон ваъда доданд, ки робита бо Ал-Қоидаро қатъ мекунад ва ҳоло бояд собит кунад, ки равобите вуҷуд надорад. Нигаронии ҳукумати Афғонистон монанди гузашта дар ҷояш боқӣ аст".
Толибон дар созише, ки рӯзи 29-уми феврал бо Амрико дар Давҳа – пойтахти Қатар имзо карданд, ӯҳдадор шуданд, ки робитаашонро бо Ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигари тундрав қатъ мекунанд ва ба мубориза бо ин гурӯҳҳо идома медиҳанд.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрко дар моҳи март гуфта буд, ки Толибон робитаашонро бо Ал-Қоида қатъ кардаанд, аммо ҳоло Созмони Милали Муттаҳид аз ворид шудани созиши Амрико ва Толибон ба марҳилаи нав хабар медиҳад.
Гурӯҳи таҳқиқии мутахассисони СММ номҳои чанин узви баландпояи Ал-Қоидаро ба шумули Шайх Абдураҳмон, Ҳасан Мисрӣ, Абу Усмон ва чанд тани дигар нашр карда ва гуфтаанд, ки онҳо дар 12 моҳи ахир ҳадди ақал шаш маротиба бо аъзои Толибон дидор кардаанд.
Дар Давҳа – пойтахти Қатар, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон ин гузориши Созмони Милали Муттаҳидро рад кардааст. Оқои Шоҳин гуфтааст, ки ба созиш бо Амрико пойбанд ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд то хоки Афғонистон бар алайҳи кишвари дигаре истифода шавад.
Доналд Трамп, президенти Амрико пас аз имзои созишнома бо Толибон дар моҳи март гуфт, агар Толибон ба ӯҳдадориҳояшон пойбанд намонанд, "Амрико дубора ба Афғонистон хоҳад рафт, бо чунон қудрате хоҳад рафт, ки касе мисолашро надида бошад".