Wn/tg/Вазири тандурустӣ: “Нуқтаи авҷи коронавирус паси сар шуд!”

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Вазири тандурустӣ: “Нуқтаи авҷи коронавирус паси сар шуд!”

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба ҳафтавори “СССР” изҳор доштааст, ки нуқтаи авҷи бемории корнавирус дар ҷумҳурӣ паси сар шуд. “Нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30 апрел ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне 15 май нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму сиҳатёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мебинед рӯзҳои ахир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта шуда, дар 2 рӯзи гузашта ягон ҳолати талаф ба вуқӯъ напайвастааст”, - иброз доштааст ӯ. Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид доштааст, ки  на ҳамаи он бемороне, ки ба воситаи тест ташхис мешаванд, сироятёфтаи COVID-19 ҳастанд. “Ин одамон масалан, қаблан ҷарроҳии дил ё шунтпайванд ва ё диабети қанд доштанд. Дар чунин ҳолатҳо камтарин тарсу ҳарос метавонад паёмадҳои нохуш биёрад. Маҳз ҳамин тарсу ҳарос буд, ки шумораи зиёди мардумро ба беморхонаҳо оварду навбатҳои дароз дар паси дари утоқҳои рентгену флюрография пайдо шуданд... “, - қайд кардааст Абдуллозода. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки беморхонаву дармонгоҳҳои сайёри холӣ гувоҳи коҳиши гирифторӣ ба ин беморӣ мебошад. “Беморхонаву госпиталҳои мобилӣ, ки барои резерв тайёр карда шудаанд, ҳанӯз холианд. Хушбахтона, ин госпиталҳои мобилӣ то ба имрӯз ба мо лозим нашуданд  ва Худо кунад, ки лозим наоянд. Дигар беморхонаҳоямон ҳам холӣ шуда истодаанд, теъдоди беморон кам мешавад”, - изҳор доштааст вай.