Jump to content

Wn/tg/Боздошти беш аз 100 мухолифи "Путини абадӣ" дар Москва

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Боздошти беш аз 100 мухолифи "Путини абадӣ" дар Москва

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Боздошти беш аз 100 мухолифи "Путини абадӣ" дар Москва

Маъмурони "Росгвардия" дар хиёбонҳои Твер ва Петровкаи шаҳри Москва беш аз 100 иштирокчии ҳамоиши эътирозии "Не ба Путини абадӣ"-ро дастгир карданд. Ин ҳамоишро ташаббускорони маъракаи зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русия ташкил намуданд. Радиои Озодӣ аз рафти он пахши мустақимеро баргузор кард. Ҳамоиш соати 7-и бегоҳ дар майдони Пушкин оғоз шуд. Дар он садҳо нафар иштирок намуданд. Иштирокчиён барои баргузории тазоҳуроте аз шаҳрдори Москва пешакӣ иҷозат хоста, тасмим доштанд, бекор кардани натиҷаҳои раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Русияро талаб кунанд, вале мақомоти Москва барои тазоҳурот иҷозат надоданд. Аз ин рӯ, дархосткунандагон тасмим гирифтанд, ҳамоиши эътирозиро дар шакли вохӯрӣ ва ҷамъоварии имзо баргузор кунанд. Вале ҳамаи иштирокдорон огаҳ карда шуданд, ки эҳтимол дорад, пулис ҳамоиши онҳоро ғайриқонунӣ номида, онҳоро боздошт кунад. Иштирокчиён баъди ду соат дар хиёбони Твер роҳпаймоиеро ташкил карданд. Вале маъмурони Росгвардия роҳро бастанд ва боздоштҳо оғоз шуданд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нерӯ кор гирифтанд. Бештари дастгиршудаҳо шикоят мекунанд, ки захм бардоштаанд. Тағйири Конститутсияи Русияро президенти ин кишвар Владимир Путин дар моҳи январи соли равон пешниҳод карда буд. Ӯ он замон гуфт, ҳарчанд қонун талаб намекунад, вале тағйирот ба Қонуни асосӣ бояд бар асоси раъйпурсии умумӣ ворид карда шавад. Ба иттилои расмӣ, 78 дарсади раъйдиҳандагон аз тағйири Конститутсияи худ ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳудуди 65 дарсади афроди қобили раъй дар раъйпурсӣ иштирок намудаанд. Мухолифон аз сохтакориҳои бесобиқа дар он хабар дода, гуфтанд, ки натиҷаҳоро намепазиранд. Яке аз тағйироте, ки дар Конститутсияи Русия пешниҳод шуда буд, ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Путин аст. Тибқи ин тағйирот, президенти амалкунандаи Русия имкон пайдо мекунад, ки ду давраи дигар, то соли 2036 номзадиашро ба курсии президентӣ пешбарӣ кунад. Соли 2036 Путин 84-сола хоҳад буд.