Wn/tg/Беҳтарин ҳамлаварон дар таърихи Лигаи Чемпионҳо

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Беҳтарин ҳамлаварон дар таърихи Лигаи Чемпионҳо

Беҳтарин ҳамлаварон дар таърихи Лигаи Чемпионҳо

Лигаи Чемпионҳо яке аз мусобиқаҳои бонуфузи қораи Аврупо ба шумор меравад, ки ҳар сол дар ин мусобиқа беҳтарин тимҳои аврупоӣ рақобат мекунанд.

Аз рӯзи таъсисёбии Лигаи Чемпионҳо рақобат кардан дар ин мусобиқа сахту душвор мебошад, зеро танҳо беҳтаринҳо рақобаташонро нишон медиҳанд. Дар таърихи Лигаи Чемпионҳо сафдари тими миллии Португалия ва бошгоҳи шоҳонаи “Ювентус” Криштиану Роналду бо 128 гол беҳтарин нишонзан ба шумор меравад. Мавсуф дар 164 бозӣ ба майдон баромада, ба задани 128 гол даст ёфтааст. 
Дар зинаи дуюми беҳтарин нишонзанҳо сарвони тими мунтахаби Аргентина ва дастаи “Барселона” Лионел Месси бо 114 гол қарор дорад. Дар ҷойи сеюм собиқ ҳамлавари бошгоҳи “Реал” Раул бо 71 гол ҷой дорад.