Jump to content

Wn/tg/Антонио Гутерреш COVID-19-ро хатари рақами 1 дар ҷаҳон номид

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Антонио Гутерреш COVID-19-ро хатари рақами 1 дар ҷаҳон номид

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Антонио Гутерреш COVID-19-ро хатари рақами 1 дар ҷаҳон номид

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, пандемияи COVID-19 ҳануз ҳам «хориҷ аз назорат» мемонад ва ҷаҳон ба «марҳилаи торик»-и марги як миллион нафар аз коронавирус наздик мешавад.


Антонио Гуттереш дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 16-уми сентябр гуфт, ки коронавирус таҳдиди рақами як ба амният дар ҷаҳон шудааст ва буҳронеро ба вуҷуд овардааст, ки «дар аҳди мо собиқа надоштааст». Ӯ гуфт, ҳафтаи оянда дар нишасти онлайнии Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат мекунад, то охири сол дар саросари ҷаҳон созиши оташбас эълон кунанд.


Гутерреш бори аввал рӯзи 23-уми март хост, дар саросари ҷаҳон созиши оташбас эълон кунанд. Айни замон бино ба омори ҷамъовардаи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико, талафот аз COVID-19 дар ҷаҳон ба марзи 940 ҳазор нафар наздик шудааст. Теъдоди гирифторон тақрибан ба 30 миллион кас расидааст.


Дар Ҳинд, ки вирус дар онҷо босуръат доман паҳн мекунад, ки вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар 24 соати гузашта тақрибан 98 ҳазор мавриди нави сироятро сабт кардааст.


Афзоиши теъдоди беморон дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ҳам зиёд ва мояи нигаронӣ шудааст. Олмон аз ҷумла шаҳрҳои Вена, Будапешт ва Амстердамро “минтақаҳои хатарнок” эълон кард ва гуфт, ҳар касе аз ин шаҳрҳо меояд, бояд ҳатман дар карантин нигаҳ дошта шавад.