Wn/tg/Амрико замимаҳои WeChat ва TikTok-ро манъ мекунад
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ
[edit | edit source]Амрико замимаҳои WeChat ва TikTok-ро манъ мекунад
[edit | edit source]Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 20-уми сентябр паҳну истифодаи WeChat ва TikTok, барномаҳои мутааллиқ ба Чинро дар фурӯшгоҳҳои замимаҳо, аз ҷумла App Store ва Google Play манъ мекунад. Ин тасмим ба корбарони хориҷ аз Амрико таъсир надорад. Вазорати бозаргонии Амрико дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр изҳорот дод. Дар ин ниҳод гуфтанд, барномаҳо бо Хадамоти махсуси Чин ҳамкорӣ дошта, дар бораи корбарон маълумот ҷамъ меоранд ва бино бар ин истифодаашон ба амнияти миллии Амрико хатар дорад. Уилбур Росс, ноиби вазири бозаргонии Амрико гуфт, "иқдоми имрӯза бори дигар собит мекунад, ки президент Трамп ҳама кори мумкинро мекунад, то амрикоиҳоро аз таҳдиди Ҳизби коммунисти Чин ҳифз кунад." Замимаи телефонии ТикТок, ки танҳо чаҳор сол аз умраш гузаштааст ва соли 2016 тавассути ширкати чинии ByteDancе офарида шуд, шабакаи маҳбуби ҷавонону навҷавонон аст. Ҷоест барои нишон додани видеоҳои 15-сониягӣ, як чизи шабеҳи Инстаграм. Бино ба гузоришҳо, ТикТок дар саросари ҷаҳон тақрибан 1 миллиард корбар дорад.