Wn/tg/АМИТ "Ховар" Худоёр Худоёрзода: COVID-19 ба фаъолияти тамоми намуди нақлиёт дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд
АМИТ "Ховар" Худоёр Худоёрзода: COVID-19 ба фаъолияти тамоми намуди нақлиёт дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Пандемияи коронавирус COVID-19 ба фаъолияти тамоми намуди нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилӣ машғул буданд, таъсири манфӣ расонд»- чунин посух дод Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ.
Дар идомаи посух вазир илова кард, ки бинобар пандемияи коронавирус, дар чанд моҳи охир миқдори ҳамлу нақли боркашонии байналмилалӣ ва мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
«Зарар аз таъсири пандемияи коронавирус 132 миллион сомониро ташкил медиҳад», — гуфт Худоёр Худоёрзода ва илова намуд, ки вазорат барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои дахлдор меандешад.
Дар тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 38790,2 тонна бор ва 296018,8 мусофир бо ҳама намуди воситаҳои нақлиёт интиқол дода шудааст.
Интиқоли молҳо ва мусофирон ба самтҳои байналмилалӣ, ки қаблан тавассути 18 гузаргоҳи сарҳадӣ амалӣ мешуданд, ҳоло тавассути 6 гузаргоҳи сарҳадӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус ба роҳ монда шудааст.