Wn/tg/Ёдгор Файзов: «Аз ҷониби Пешвои миллат баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии вилоят кумак расонда шуд»

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > Ёдгор Файзов: «Аз ҷониби Пешвои миллат баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии вилоят кумак расонда шуд»

АМИТ "Ховар" Ёдгор Файзов: «Аз ҷониби Пешвои миллат баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии вилоят ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонӣ кумаки моддӣ расонда шуд»

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятии коронавируси нави COVID-2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо маводи доруворӣ, таҷҳизотҳои зарурӣ,  хӯрока ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустии вилоят тавассути  45 адад мошинҳои боркашонии калонҳаҷми пурбор ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонӣ кумаки моддӣ расонда шуд. Ин гуфта  аз ҷониби  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар нишасти матбуотӣ  оид ба  ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали  соли 2020 садо дод.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар ин давра  сохтмони беморхона дар ноҳияи Ишкошим ба охир расида,  бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят  бунёди  3 бунгоҳи тиббӣ ва 4 маркази саломатӣ   ба нақша гирифта шудааст.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар вилоят муваққатан 785 адад катҳои бистарикунонӣ барои ташхису табобати гирифторони бемории сироятии COVID-19 бо фароҳам овардани хамаи шароити зарурӣ, алалхусус бо кумаки бевоситаи шарикон оид ба рушд ва ташкилотхои ғайридавлатӣ таъмини таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва доруворӣ ташкил карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали  бақайдгирии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ,  дар маҷмӯъ бо ташхиси илтиҳоби шуш дар муассисаҳои тиббии вилоят 1994 нафар беморон бистарӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 1896 нафари онҳо баъди гирифтани табобат ба хона ҷавоб дода шуданд.