Jump to content

Wn/tg/"Сассуоло" пойгаи қаҳрамонии Италияро ҷолиб кард

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > "Сассуоло" пойгаи қаҳрамонии Италияро ҷолиб кард

Дар даври 33-юми Серия А "Сассуоло" бо дастаи "Ювентус" ҳунарнамоӣ кард. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи "Мапей" доир шуда, бо ҳисоби 3:3 хатм гардид. Данило ва Игуаин ду гол зада, "Ювентус"-ро пешсаф намуданд. "Сассуоло" аз заифии ҳимояи рақиб истифода карда, то дақиқаи 54-ум ҳисобро 3:2 кард. Нафаре, ки "Ювентус"-ро аз бохт наҷот дод ин Алекс Сандро буд, ки дар дақиқаи 64-ум гол зад. Баъди ин мусовӣ "Сассуоло" 47 имтиёз дошта, дар мақоми ҳаштум аст. "Ювентус" бошад бо касби 77 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. "Аталанта" аз "Ювентус" ҳафт хол кам дошта, айни ҳол бо ҳамроҳии "Латсио" таъқибкунандаи туриниҳо ҳастанд.