Jump to content

Wn/tg/"Ливерпул" боз мағлуб шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn‎ | tg
Wn > tg > "Ливерпул" боз мағлуб шуд

Дар бозии марказии даври 36-уми Премйер-лигаи Англия дастаҳои “Арсенал” ва “Ливерпул” дидор анҷом доданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эмирейтс” сурат гирифта бо ғалабаи мизбонон ба поён расид.

Сармураббии дастаи “Арсенал” дар бозии мазкур бо дарназардошти бозии бисёр муҳим бар зидди “Манчестер Сити” дар доираи бозии даври нимниҳоии Ҷоми Англия, чанд футболбози асосии даста, аз ҷумла Обамеянг, Беллерин ва Себалйосро дар ҳайати асосӣ ба майдон ворид накард. Қаҳрамони Англия бозиро бо ҳуҷумҳои зиёд оғоз намуд. Яке аз ҳамлаҳо дар дақиқаи 20-уми майдондорӣ бо голии Садио Мане ба анҷом расид. Дар дақиқаи 32-юми бозӣ Ван Дейк иштибоҳи дағал кард, ки дар натиҷа Ляказетт тӯбро ба дарвоза ворид сохта ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 44-уми қувваозмоӣ бошад, Алиссон Бекер ба хатои ҷиддӣ роҳ дод. Ин навбат ҳам Ляказетт тӯбро соҳиб шуда ба ҷаримагоҳ ирсол кард. Партофти ӯро бозигари ҷавон Рейс Нелсон ба ирсоли голбахшо мубаддал намуда ҳисобро 2:1 намуд. 
Қисми дуввуми бозӣ то ба сонияи охирин таҳти назорати меҳмонон буд, аммо ҳисоб бетағйир монд. “Ливерпул” бори сеюм дар мавсим ба мағлубият дучор шуд. “Арсенал” баъд аз ин ғалаба дар ҳисобаш 53 хол дошта, аз зинаи шашуми Лигаи Аврупо “тӯфангчиён”-ро танҳо 3 хол ҷудо мекунанд.